Занги Раҳмон ба раисону дастураш барои ҷуброни зарар ба мардум

Офатҳои табиӣ аз қабили боронгариҳои шадиду селу обхезӣ Тоҷикистонро моҳи май навоҳии ҷумҳуриро фаро гирифта, талафоти моддию ҷонӣ дар пай гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 май – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор ноҳияҳои кишвар суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки мавзӯи меҳварии суҳбат бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ буд.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гузоришҳои раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони ноҳияҳои Восеъ, Рашт, Нуробод ва Сангворро доир ба оқибатҳои боронҳои шадид ва селу обхезӣ шунид.
Аз офатҳо то супоришҳо ба ходимони дин: Раҳмон дар машварат бо генералҳо чӣ гуфт?
Раисҷумҳур ба роҳбарони ин навоҳӣ дастур додаст, ки ҳарчи зудтар паёмадҳои офатҳои табииро бартараф кунанд.
"Аз аз ҷумла барои барқарор намудани роҳу пулҳои вайроншуда ва расондани кумакҳои зарурӣ ба мардум барои ҷуброн намудани зарари расида ба хонаю рӯзгор ва заминҳои кишташон, супоришҳои мушаххас доданд", - таъкид намуд дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи равон Тоҷикистонро боронҳои шадид фаро гирифт, ки боиси селу обхезӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гардид.
Дар баробари зиён ба роҳу пулҳо инчунин киштзору хонаҳои мардум осеб дида, ҳолатҳои марги одамон низ дар селхезиҳо ба қайд гирифта шуданд.