ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Рушди минбаъдаи ҳамкориҳои аъзои ИИАО дар бахши стандартизатсия ва метрология бояд нақшаи чорабиниҳо то соли 2030 ва давраи то соли 2045 ворид карда шаванд.
Ин нуктаро вазири танзими техникии Русия, Валентин Татаритский дар ҷаласаи мушовараи Агентии федералии танзими техникӣ ва метрология - "Росстандарт" баён дошт.
Вай зимни ҳамоиш дар бораи ҳамкориҳои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар соҳаи стандартизатсия ва метрология сухан гуфт. Дар мушовараи Росстандарт беш аз 200 нафар, аз ҷумла аз дастгоҳи марказӣ ва тамоми созмонҳои зертобеи Росстандарт, намояндагони Комиссияи иқтисодии Авруосиё иштирок доштанд.
Татаритский ёдовар шуд, ки 29 май аз имзои Шартнома дар бораи ИИАО 10 сол пур мешавад ва қайд кард, ки дар ин муддат дар соҳаи танзими техникӣ дастовардҳои зиёд ба даст оварда шудаанду Росстандарт дар ин раванд нақши фаъол бозидааст.
Ӯ афзуд, ки дар ояндаи наздик дар соҳаи стандартизатсия вазифа гузошта мешавад, ки тартиби ҳамоҳангсозии корҳо оид ба стандартизатсия дар доираи Иттиҳод, инчунин тартиби гузаронидани баҳодиҳии ҳатмии даврии фаъолияти илмию техникӣ таҳия карда шаванд.
Ба гуфтаи Татаритский, соли равон дар назар аст, ки натиҷаҳои лоиҳаи озмоишӣ оид ба таҳияи механизми иҷозаи ченакҳо барои истифода дар ИИАО баррасӣ шавад.
Барои бартараф намудани камбудиҳои ҳуқуқие, ки дар рафти лоиҳаи таҷрибавӣ муайян карда шудаанд, инчунин барои ислоҳи актҳои иттиҳод таклифҳои мушаххас пешниҳод мешаванд, афзуд ӯ.