ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи махсус натиҷаҳои ҷустуҷӯи чархболи президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иброҳим Раисиро пайгирӣ менамояд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳорот дода, таъкид намудаст, ки "аз шунидани хабари нишасти изтирории чархбол бо президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳаш сахт нигарон ҳастем".
Манбаъ афзуд, ки Тоҷикистон барои расонидани тамоми кумакҳои зарурӣ ба давлати дӯсту бародар изҳори омодагӣ менамояд. "Мо дар канори Эрон ва мардуми онем", - таъкид намудаст ВУХ.
Ахиран мақомдорони Эрон таъйид карданд, ки раисҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ ҳамроҳ бо як гуруҳ мансабдорон бар асари суқути чархбол дар минтақаи кӯҳӣ дар марз бо Озарбойҷон ҷон додааст.
Чархбол дар ҳоле суқут кардаст, ки Раисӣ аз вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон парвоз мекард, ки дар он ҷо ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Озарбойҷон, Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанд ширкат дошт.
Ба ҷуз аз раҳбари Эрону халабонҳо дар чархбол ҳамчунин Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён - вазири хориҷаи Эрон, Малик Раҳматӣ - ҳокими Озарбойҷони Шарқӣ ва Муҳаммад Алӣ Ҳошим - имоми вилояти Табрез қарор доштаанд. Дар умум гуфта мешавад, ки ҳадди ақал 8 нафар дар чархбол будаанд, ки ҳеч кадоме ҷон ба саломат набурдаанд.