ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Худдории радиои ва телевизионҳои давлатии Тоҷикистон аз пахши барномаҳои фароғатӣ ба адои эҳтиром ба мақомоти баландпояи Эрон, ки бар асари як сонеҳа ба ҳалокат расиданд, рабт дорад.
Раиси Кумитаи радио ва телевизиони кишвар, Нуриддин Саид ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ниҳодаш ба тамоми радио ва телевизионҳои давлатии кишвар дастур додааст, ки аз пахши мусиқӣ дар давоми ду рӯз худдорӣ кунанд.
"Ин нишонаи ҳамдардиву тасаллияти ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми дӯст ва ҳамфарҳанги мо Эрон аст", - гуфт Нуриддин Саид.
Рӯзи 19 май, раисҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ бо иттифоқи 8 нафари дигар, аз ҷумла Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон бар асари суқути чархболашон дар вилояти қисмати шимолии вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон ба ҳалокат расиданд.
Дар робита ба ин дар Эрон панҷ рӯзи мотам эълон гардида, дар намояндагиҳои ин кишвар дар хориҷ низ парчамҳо поин оварда шуданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, як барқияи сӯгворӣ ба Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муҳаммад Мухбир, муовини аввали раисҷумҳури ин кишвар фиристода буд.
Аз Худованди мутаол барои шаҳидшудагон раҳмату мағфират ва ба мардуми кишвари дӯсти Эрон сабри ҷамил хоҳонам, изҳор дошт раисҷумҳури Тоҷикистон.