Президенти Эрон бо ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаст: Ҷояшро кӣ мегирад?

Бар асоси қонуни асосии Эрон дар сурати фавти президент ваколатҳояш ба муовини якум мегузаранд, ки солҳои охир дар ин мақом Муҳаммад Мухбир фаъолият дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Раисҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ ҳамроҳ бо як гуруҳ мақомдорони баландпоя бар асари суқути чархбол дар минтақаи кӯҳӣ дар марз бо Озарбойҷон ҷон додааст.
Дар ин бора раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон, Пир Ҳусейн Куливанд иттилоъ дода, ноиби раисҷумҳури ҶИЭ, Муҳсин Мансурӣ низ ин иттилоъро таъйид кардааст.
Чархбол дар ҳоле суқут кардаст, ки Раисӣ аз вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон парвоз мекард, ки дар он ҷо ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Озарбойҷон, Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанд ширкат дошт.
Ба ҷуз аз раҳбари Эрону халабонҳо дар чархбол ҳамчунин Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён - вазири хориҷаи Эрон, Малик Раҳматӣ - ҳокими Озарбойҷони Шарқӣ ва Муҳаммад Алӣ Ҳошим - имоми вилояти Табрез қарор доштаанд. Дар умум гуфта мешавад, ки ҳадди ақал 8 нафар дар чархбол будаанд.
Дар Эрон 32 нафар дар иртибот ба ҳамлаи террористии шаҳри Кирмон дастгир шуданд
Бар асоси қонуни асосии Эрон дар сурати фавти президент ваколатҳояш ба муовини якум мегузаранд, ки солҳои охир дар ин мақом Муҳаммад Мухбир фаъолият дорад.
Раисӣ 14 декабри соли 1960 дар Машҳад дар оилаи руҳонӣ таваллуд шуда, аз соли 1980 дар хидмати давлатӣ қарор доштааст. Дар мақомҳои додситону додрас фаъолият кардааст.
Вай дар соли 2014 додситони кулли Эрон таъйин шуд ва дар соли 2019 раҳбарии ниҳодҳои қазоии ин кишварро бар дӯш дошт.
Раисӣ дар талоши дуввуми худ раисиҷумҳури Эрон шуд. Соли 2017 ӯ дар интихоботи президентӣ аз Ҳасани Рӯҳонӣ шикаст хӯрд, аммо соли 2021 бо гирифтани аксари оро президенти Эрон интихоб шуда буд.