Дуои Раҳмон дар ҳаққи шаҳид Раисӣ ва ҳамроҳонаш: паёми таслият ба Хоманаӣ ва мардуми Эрон

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба раҳбари олии Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон ва муовини аввали раисҷумҳури ин кишвар ҳалокати Иброҳим Раисиро таслият гуфтаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Хабари даргузашти фоҷеавии раисҷумҳури Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш боиси андуҳи гарони тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми таслияташ ба раҳбари олии Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ ва муовини аввали раисҷумҳури ин кишвар, Муҳаммад Мухбир баён доштаст.
"Дар робита ба ин талафоти бузург ба Шумо, Олиҷаноб, мардуми дӯсту бародари Эрон, аҳли хонавода ва наздикони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям", - гуфт Раҳмон.
Президенти Эрон бо ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаст: Ҷояшро кӣ мегирад?
Вай афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба шахсияти арбоби барҷастаи давлатӣ Сайидиброҳим Раисӣ арҷ мегузорад ва нақши ӯро дар густаришу таъмиқи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Эрон ва ҳалли масоили умдаи минтақавию байналмилалӣ қадр мекунад.
Аз Худованди мутаол барои шаҳидшудагон раҳмату мағфират ва ба мардуми кишвари дӯсти Эрон сабри ҷамил хоҳонам, изҳор дошт раисҷумҳури Тоҷикистон.
Маврид ба зикр аст, ки ҷониби Эрон расман ҳалокати раисҷумҳур, Иброҳим Раисиро дар суқути чархбол дар минтақаи марзӣ бо Озарбойҷон таъйид кард.