Аз амният то тиҷорат: Тоҷикистону Чин барномаи ҳамкорӣ имзо карданд

Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид, ки ба таҳкими равобит равона шудаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои чинияш, Ван И, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Ба иттилои ВУХ Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ масоили мухталиф, аз амнияти минтақавӣ то ҳолат ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мувофиқа карда шуд, ки ҷонибҳо таҳкими ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тандурустӣ идома медиҳанд.
Инчунин Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид.
Раҳмон: Чин дар даҳ сол ба иқтисоди Тоҷикистон 3,8 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст
Ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин қолаби "Осиёи Марказӣ+Чин" низ мавзӯи меҳварии мулоқот буд.
Қаблан вазири Чин бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Раисҷумҳур аз тамоюли афзояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ҳамаҷониба изҳори қаноатмандӣ кард.
"Мо ҷонибдори идомаи тақвияту густариши чунин анъанаҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои бунёдии мардумони ду кишвар ҳастем", - гуфт ӯ.
Ҳаҷми умумии сармояи чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар даҳ соли охир 3,8 млрд долларро ташкил медиҳад, қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.