Селу сангрезӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон: КҲФ вазъро шарҳ дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки хатари сел, ярч, сангрезӣ ва баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо то 22 майи соли 2024 боқӣ мемонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бар асари боронҳои пуршиддат шаби 17-уми майи соли равон қисман фурӯ рехтани роҳ дар километри 9-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Ляхш, ки аз ҳудуди деҳаи Меҳргони ҷамоати деҳоти А.Абдулвасиев мегузарад, ба қайд гирифта шуд.
Ба иттилои манбаъ, айни замон барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ин минтақа ҳаракати нақлиёт якҷониба таъмин карда шудааст.
Ҳамчунин сел 200 метр соҳили дарёи Шӯракро шуста, пули деҳаи Шури Поёни ҷамоати деҳоти ба номи Қ.Исмоиловро вайрон кард.
Мақомоти шаҳри Ваҳдат барои бартараф ва барқарорсозии манотиқи зарардида тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Таъкид шудааст, ки бар асари омадани сел талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва минтақаҳои осебдида таҳти назорати доимии мақомот қарор доранд.
КҲФ аз хавфи омадани сел дар ду минтақаи Тоҷикистон ҳушдор дод
Ҳамчунин 18 май дар деҳаи Кӯфоби ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ бар асари боришоти шадид сел роҳи мошингарди Шоҳин-Дарвозро баст.
Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест.
Ҳамзамон дар километри 140-уми шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Ляхш, ки аз ҳудуди деҳаи Сариқоши ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод мегузарад, сел омад, ки дар айни замон роҳ барои ҳаракати мошинҳо баста мебошад.
Қайд карда шудааст, ки боришоти пай дар пай роҳандозии корҳои бартарафсозии паёмадҳои офатро душвор мекунанд.
КҲФ ёдовар мешавад, ки хатари сел, ярч, сангрезӣ ва баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (Варзоб, Лучоб, Харангон, Элок) ҷорӣ мешаванд, то 22 майи соли 2024 боқӣ мемонад.