Раҳмон: Чин дар даҳ сол ба иқтисоди Тоҷикистон 3,8 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст

Дар Қасри миллат мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Чин Ван И сурат гирифт.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, презденти кишвар дар мулоқот бо вазири хориҷаи Чин вазъи кунунии ҳамкории ду кишвар ва масоили мубрами минтақавию байналмилалиро баррасӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқот аз тамоюли афзояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ҳамаҷониба изҳори қаноатмандӣ кард.
“Мо ҷонибдори идомаи тақвияту густариши чунин анъанаҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои бунёдии мардумони ду кишвар ҳастем”.
Вай гуфт, Чин яке аз шарикони бузурги Тоҷикистон дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ мебошад.

“Ҳаҷми умумии сармояи чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар даҳ соли охир 3,8 млрд долларро ташкил медиҳад”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин зимни мулоқот густариши робитаҳо дар соҳаҳои саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ муҳокима гардид.
Вазири корҳои хориҷаи Чинр озими Душанбе шуд
Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқорт ба роҳандозии ҳамкории фаъол бо Чин оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба “иқтисоди сабз”, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва истеҳсолот дар Тоҷикистон бо истифода аз “технологияҳои сабз” таъкид кард.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитариро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон тарафҳо дар соҳаи амният, пеш аз ҳама дар масъалаҳои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир табодули афкор намуданд .
Трарафҳо ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, бахусус дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва “Осиёи Марказӣ + Чин” таъкид намуданд.
Ҳамчунин аҳаммияти идомаи ҳамкории минбаъда ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои глобалии ҳамдигарӣ таъкид гардид.