ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Теъдоди дархостҳо ба озмуни тарҳҳои муштараки ҳамгироӣ дар ИИАО бозгӯи таваҷҷуҳи зиёд ба ин бахш мебошад, иттилоъ дод Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ҳадафи озмун муайян кардани лоиҳаҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафта ва рақобатпазир мебошад, ки татбиқи онҳо бо иштироки намояндагони чанд кишвари узв сурат мегирад, афзуд манбаъ.
Таъкид шудааст, ки ба баррасӣ дар умум 257 лоиҳа қабул гардид, ки аз ҷумла 3 ададаш аз Арманистон, 24 аз Беларус, 6 аз Қазоқистон, 14 Қирғизистон, 210 аз Русия пешниҳод шудааст.
Ба иттилои КИАО, дар байни онҳо 137 адад тарҳи технологӣ, 120-тоаш гуманитарӣ мебошанд.
"Дар асоси натиҷаҳои ҷамъоварии дархостҳо мо метавонем таваҷҷуҳи зиёди иштирокчиёни лоиҳаҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро қайд кунем", - қайд кард вазири ҳамгироӣ ва макроиқтисодии КИАО, Сергей Глазев.
Барои бахши лоиҳаҳои технологӣ шумораи бештари дархостҳо пешниҳод карда шуданд.
Инчунин дар бахши "Иқтидори транзитӣ", "Истиқлоли технологӣ" ва "Ҳалли платформаи рақамӣ", "Технологияҳои заминавӣ", "Сохтори нави технологӣ", "Сармояи инсонӣ", "Туризми Авруосиёӣ", "Инклюзияи молиявӣ" дархостҳо қабул гардидаанд.
КИАО афзуд, ки дар байни ташаббусҳо аз ҷумла тарҳҳо барои таҳия ва татбиқи технологияҳои лазерӣ, иттилоотӣ, телекоммуникатсионӣ, системаҳои зеҳнӣ ва идора, комплексҳои тадқиқотӣ ва истеҳсолӣ, марказҳои салоҳиятдор, инчунин истеҳсоли маҳсулоти биологӣ, иловаҳои хӯрокворӣ ва маводи гуногун мебошанд.
Интизор меравад, ки то охири моҳи июни соли равон бояд мутахассисон ва президиуми озмун иштирокчиёни финалӣ ва баъдан ғолибони озмунро дар ҳар як категория муайян кунанд.