ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Русия ва Чин талошҳояшонро барои таҳкими ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва ташаббуси "Як камарбанд - як роҳ"-ро идома хоҳанд дод.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар доираи сафари давлатияш ба Чин, зимни мулоқот бо роҳбари кишвари мизбон, Си Ҷинпин баён дошт.
"Албатта, кишварҳои мо азм доранд, ки талошҳоро барои муттаҳидсозии равандҳои ҳамгироӣ дар доираи ИИАО ва ташаббуси "Як камарбанд - як роҳ" идома диҳанд", - гуфт Путин.
Вай таъкид намуд, ки ҳадаф дар дурнамо ташаккули шарикии бузурги авруосиёӣ мебошад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё яке аз тарҳҳои бузурги ҳамгироии минтақавӣ мебошад, ки тайи солҳои охир босуръат татбиқ шуда истодааст.
Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад.
Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.