Нархи рубл дар Тоҷикистон боло рафт

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши се асъори калидии нисбатан серистифода дар кишварро муқаррар кардааст, ки қурби ҳамаашон нисбати сомонӣ гарон шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Нархи ҳазор рубли русӣ дар Тоҷикистон 119,5 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба нишондоди рӯзи қабл 0,2 сомонӣ бештар мебошад.
Арзиши пули амрикоӣ ва аврупоӣ низ боло рафта, як доллари ИМА - 10,899 сомонӣ ва евро - 11,7982 сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии кишвар барои доллари ИМА аз 10.8990 то 10.9000 сомонӣ ва евро аз 11.7982 то 11.8700 сомонӣ мебошад.
Истифодаи пулҳои миллӣ дар ИДМ афзоиш ёфтааст
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.