ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ғарб аслан бар зидди Русия ҷанги гибридӣ мебарад. Дар ин бора раиси маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Федератсияи Русия Албир Крганов дар KazanForum хабар дод.
Ба гуфтаи вай, кишварҳо нисбат ба Маскав сиёсати инзивоиро пеш мебаранд. Дар ҳоле ки Русия муносибатҳои худро бо ҷаҳони мусулмонӣ оромона инкишоф медиҳад, қайд намуд ӯ.
Муфтӣ афзуд, тибқи омор, феълан дар ин кишвар ҳудуди 25 млн мусулмон ба сар мебаранд.
"Мо (Маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Федератсияи Русия - идора) бо муфтиҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон шартнома бастем, - таъкид кард узви Палатаи ҷамъиятии Русия.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15 май дар Қазон Форуми байналмилалии иқтисодии “Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum” оғоз шуд.
Барномаи он 125 иҷлосияро дар бар гирифт, ки ширкаткунандагони он мутахассисон аз Русия, кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар давлатҳо ҳастанд.
Илова бар ин, дар чорчӯби KazanForum донишгоҳҳои тиббии Қазон ва Душанбе созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.