ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар 10 соли охир бори аввал пеш аз муҳлат пурра иҷро гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод.
"Ба ҳолати 14 май аз ҷараёни даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ иҷрои нақша дар қаламрави вилояти Хатлон пеш аз муҳлат 100% иҷро шуд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Манбаъ афзуд, ки нақшаро дар рӯзи аввал ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросони вилояти Хатлон пурра ҷамъбаст карданд.
Зимнан, давоми моҳи апрел чорабинии даъвати баҳории ҷавонон дар 21 шаҳру ноҳияи ин вилоят низ ба пуррагӣ ҷамъбаст шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон усули даъват ба хидмати сарбозӣ тағйир ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.
Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, соли 2024 ҳудуди 52 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад, ки нисбат ба як соли қаблӣ 3 ҳазор сомонӣ боло рафтааст.
Болоравии ҳаққи хизмати пулакӣ дар ҳайати сафарбаркунӣ бо зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо рабт дорад, ки аз аввали соли равон 4 сомонӣ зиёд шуда, ба 72 сомонӣ баробар гардид.
Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.