На танҳо бархӯрди манфиатҳо: дар Украина тақдири ҷаҳон ҳал мешавад

Ҷанг дар Украина на танҳо ихтилофи байни давлатҳо бо манфиатҳои миллии онҳо, балки бархӯрди тамаддунҳоест, ки низомии арзишҳои худро шадидан дифоъ мекунанд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik, Александр Дугин. Давраи нави президентии Путин оғози марҳилаи навро дар таърихи Русия нишон медиҳад. Баъзе самтҳои давраҳои қаблӣ албатта идома хоҳанд ёфт, баъзеҳо ба ҳадди интиқодӣ хоҳанд расид, чизе анҷом дода мешавад, аммо чизи нав бояд биёяд.
Мехоҳам таваҷҷӯҳро ба ҷанбаи идеологӣ ҷалб намоям, ки метавонад самти бунёдии рушди минбаъдаи Русия дар сатҳи байналмилалӣ гардад.
Дар муқовимати шадиди мо бо Ғарб, ки дар остонаи муноқишаи ҳастаӣ ва ҷанги сеюми ҷаҳонӣ қарор дорад, мушкилоти арзишҳо торафт бештар намоён мегардад. Ҷанг дар Украина на танҳо ихтилофи байни давлатҳо бо манфиатҳои миллии онҳо, балки бархӯрди тамаддунҳоест, ки системаҳои арзишҳои худро шадидан дифоъ мекунанд.
Путин вазифаи асосиашро барои давраи нав муайян кард
Имрӯз мо метавонем бо итминон бигӯем, ки Русия ниҳоят ба ҳифзи арзишҳои анъанавӣ такя кардааст ва маҳз бо онҳо равандҳои бунёдии таҳкими ҳувияти тамаддунӣ ва соҳибихтиёрии геополитикии худро мепайвандад. Сухан на танҳо дар бораи манфиатҳои мухталифи субъектҳои алоҳида дар дохили як тамаддуни Ғарб меравад, балки метавон тафсир кард, ки муноқишаи рӯзафзуни Русия ва Ғарби дастаҷамъӣ. Ҳоло маълум аст, ки ду системаи арзишҳо бо ҳам бархӯрдаанд.
Коллективи муосири Ғарб ба таври қатъӣ чунин арзишҳоро ҷонибдорӣ мекунад:
• шахспарастии мутлақ;
• ҳамҷинсгароӣ ва сиёсати гендерӣ;
• космополитизм;
• фарҳанги бекоркунӣ;
• постгуманизм;
• муҳоҷирати бемаҳдуд;
• нобуд кардани ҳама шаклҳои шахсият;
• назарияи нажодӣ (мувофиқи он халқҳои пеш мазлумшуда, дар навбати худ, барои зулм кардани золимони пештараи худ ҳақ доранд);
• фалсафаи релятивистӣ ва нигилистии постмодернизм.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ғарб дар майдони ҷанг мехоҳад, бигузор бошад: Лавров аз буҳрони Украина гуфт
Ғарб бераҳмона таърихи худро дигаргун мекунад, китобҳо ва асарҳои бадеиро манъ мекунад, Конгресси ИМА бошад барои нест кардани тамоми қисмҳои китоби муқаддас, махсус он бобҳое, ки дар онҳо гӯё гурӯҳҳои муайяни одамон дар асоси этникӣ ва мазҳабӣ таҳқир мегарданд, омодагӣ мегирад. Гузашта аз ин, бо рушди технологияҳои рақамӣ ва шабакаҳои нейронӣ масъалаи интиқоли ташаббуси ҳукумат дар миқёси ҷаҳонӣ аз башарият ба зеҳни сунъӣ гузоштанианд ва як қатор муаллифони ғарбӣ аллакай инро ҳамчун муваффақияти бениҳоят ва дарозмуддат таъриф мекунанд.
Бар хилофи ин ҳама, Русияи Путин мустақиман маҷмӯи комилан дигари арзишҳоро ҳимоя дорад, ки аксари онҳо дар фармони № 809 аз 9 ноябри соли 2022 дар қонунгузориаш ҷо дода шудаанд. Русия ба таври қатъӣ ҳимоя мекунад:
• шахсияти дастаҷамъӣ бар зидди фардгароӣ;
• ватандӯстӣ муқобили космополитизм;
• оилаи солим муқобили қонунигардонии фасод;
• дин бар зидди нигилизм, материализм ва релятивизм;
• инсон бар зидди таҷрибаҳои постгуманистӣ;
• шахсияти комил муқобили дигаргунсозии он ;
• ҳақиқати таърихӣ бар зидди фарҳанги бекоркунӣ.
Ду биниши ба ҳам зид, ғайр аз ин, ду идеологияи ва системаи ҷаҳонбинии зидди ҳам мавчуданд. Русия анъанаро интихоб мекунад, Ғарб бошад баръакс, ҳама чизи ғайрианъанавӣ ва ҳатто зидди анъанаро интихоб мекунад.
Путин: Ҳақиқатро дар бораи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ талош доранд таҳриф кунанд
Ин зиддият муноқишаро дар Украина ба бор овардаст, ки ин ду тамаддун дар набарди шадид ва ҳалкунанда бо ҳам рӯбарӯ шуданд, ин чизе бештар аз бархӯрди оддии манфиатҳост. Албатта, манфиатҳо ҳам дар ин ҷо аст, вале онҳо асосӣ нестанд. Муҳим он аст, ки ду навъи рушди минбаъдаи башарият ба муқобилият пардохтанд, Ғарби муосир бо роҳи либералӣ, глобалистӣ, зиддианъанавӣ ва навъи алтернативӣ, ё худ Русия бо бисёрқутбӣ, бисёрмарказӣ бо нигоҳ доштани анъана ва арзишҳои анъанавӣ.
Ва ин ҷо бояд иброз дошт, ки ҷаҳони бисёрқутбӣ, ки Русия дар марҳилаи қаблии ҳукмронии Путин интихоб карда буд, танҳо дар сурате маъно дорад, ки мо ҳуқуқи ҳар як қутб, ҳар як тамаддунро, ( ки имрӯз дар БРИКС ба таври равшан намояндагӣ мекунанд) анъана ва низоми арзишҳои онҳоро эътироф кунем.
Бисёрқутбӣ он вақт пурмазмун ва асоснок мешавад, агар он аз плюрализми фарҳангҳои мавҷуда маншаъ гирад ва ҳуқуқи ҳар як қутб, ҳифзи ҳувият дар асоси принсипҳои дохилиашон инкишоф дода шавад. Ин маънои онро дорад, ки қутбҳои ҷаҳони бисёрқутбӣ бар хилофи навъи якқутби глобалист, ки дар он арзишҳои ғарбӣ ҳамчун арзишҳои универсалӣ бартарӣ доранд, то ин ё он дараҷа ба роҳи Русия пайравӣ мекунанд, аммо танҳо бо роҳи худашон – бо арзишҳои анъанавии гуногун.
Мо инро дар мисоли Хитойи ҳозира равшан мебинем. Он на танҳо глобализм, либерализм ва капитализми ҷаҳониро хамчун догма рад мекунад ва бисёр хислатҳои низоми сотсиалистиро нигоҳ медорад, балки боз торафт бештар ба арзишҳои абадии маданияти Хитой рӯ оварда, ахлоқи сиёсӣ ва иҷтимоии Конфутсийро, ки дар тӯли чандин ҳазорсолаҳо ҷомеаро илҳом бахшида ва танзим мекард, дар зинаи нав зинда мекунад.
Тасодуфӣ нест, ки яке аз назарияҳои пешбари муносибатҳои байналмилалӣ дар Чини муосир идеяи қадимии Тянсия гардид, ки дар он Чин дар маркази системаи ҷаҳонӣ қарор дорад ва тамоми халқҳои дигар дар иҳотаи он ҷойгир мебошанд.. Чин худ маркази мутлақ барои худ аст, ки барои ҷаҳон боз аст, аммо соҳибихтиёрӣ, беназирӣ ва асолати худро ба таври қатъӣ муҳофизат мекунад.
Русия якбора муносибати худро нисбати Зеленский тағйир дод
Ҳиндустони муосир (Бҳарат) ҳам дар ҳамин самт ҳаракат мекунад, махсусан дар зери ҳукмронии Нарендра Моди. Ва боз, ҳувияти амиқ - ҳиндутва дар ин ҷо ҳукмрон буда, пояҳои фарҳанги қадимии ведӣ, дин, фалсафа ва сохтори ҷамъиятиро эҳё мекунад.
Ҷаҳони Ислом низоми арзишҳои дастҷамъии Ғарбро, ки ба ҳеҷ ваҷҳ бо қавонин, аҳком ва дастурҳои исломӣ созгор нест, ба таври қатъӣ рад мекунад. Дар ин маврид ҳам такя ба анъана аст.
Халқҳои Африқо ҳам бо ҳамин роҳ пеш рафта, ба давраи нави деколонизатсия —давраи шуур, маданият, тарзи тафаккур ворид мегарданд. Шумораи торафт зиёди мутафаккирон, сиёсатмадорон ва ходимони чамъиятии Африқо ба пайдоиши маданияти худ муроҷиат мекунанд.
Амрикои Лотинӣ низ тадриҷан ин уфуқҳои нави суннатпарастӣ, дин ва решаҳои фарҳангиро кашф карда, бо сиёсати Иёлоти Муттаҳида ва Ғарби дастаҷамъӣ ҳарчи бештар мухолифат мекунад. Зиёда аз он, хусусияти АмерикоиЛотинӣ дар он аст, ки муборизаи зидди мустамликадорон муддати дароз асосан дар зери шиорҳои чапгаро сурат мегирифт. Ҳоло вазъият тағйир меёбад: чапгароҳо сарчашмаҳои анъанавӣ ва консервативии муборизаи худро кашф карда истодаанд (масалан, дар "теологияи озодихоҳӣ", ки дар он омили католикӣ ҳукмрон аст) ва ҷабҳаи консервативии зидди мустамликадорӣ (масалан, "теологияи халқҳо") торафт вусъат меёбад.
Иёлоти Муттаҳида кафолат медиҳанд: Зеленский ояндаи “дурахшони” Украинаро дарёфт.
Аммо то ҳол ҳеҷ як тамаддуне, ба ҷуз Русия, ки ба чандқутбӣ тамаркуз мекунанд ва анъанаро авлотар медонанд, бо Ғарб вориди даргирии мустақими мусаллаҳона нашудаанд. Бисёриҳо дудилаанд ва мунтазири анҷоми ин муқовимати шадид ҳастанд. Ва гарчанде ки эҳтимолан аксарияти башарият гегемонияи Ғарб ва системаҳои арзишҳои онро рад мекунад, аммо ғайр аз мо ҳеҷ кас омода нест, ки ба бархӯрди мустақим бо он ворид шавад.
Ин ба Русия имкони беназир медиҳад: дар гардиши консервативии ҷаҳонӣ пешсафиро ишғол кунад. Лаҳзае расидааст, ки мустақиман эълон кунад, ки Русия бо даъвои тамаддуни ғарбӣ дар бораи универсалии арзишҳои худ муқобил аст ва комилан тарафдори анъана, ҳам барои худ (халқи рус, православӣ) ва ҳам барои дигарон аст. Охир, ба онҳо ҳам дар сурати ғалабаи ҷаҳонишавӣ ва нигоҳ доштани гегемонизми Ғарб хатари ногузири нестшавӣ таҳдид мекунад.
Ҳама тамаддунҳои ҷаҳон муҳофизакоранд, ин ҳуввияти онҳост. Ва онҳо аз ин бештар огоҳ мешаванд.
Танҳо Ғарби постмодернӣ тасмим гирифт, ки решаҳои классикии насронии худро ба таври куллӣ шикаст диҳад ва ба бунёди фарҳанги таназзул, таҳриф, патология ва ивазкунии техникии одамон бо организмҳои пас аз инсон (аз зеҳни сунъӣ то киборгҳо, кимераҳо ва маҳсулоти муҳандисии генетикӣ) шурӯъ кард. Ва дар худи Ғарб низ бахши қобили мулоҳизаи ҷомеа ин роҳро рад мекунад ва беш аз пеш ба ҷараёни элитаи либералии ҳокими постмодернистӣ дар самти аз байн бурдани ҳуввияти фарҳангӣ ва таърихии худи ҷомеаҳои ғарбӣ шадидан мухолифат мекунад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҳушдори Лукашенко аз хатари ҳастаӣ
Дар давраи нави раёсатҷумҳурии худ, комилан мантиқӣ мебуд, ки Путин дифоъ аз анъанаро дар Русия ва дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар худи Ғарб ҳамчун рисолати асосии идеологии худ эълон кунад. Владимир Путин аллакай дар назари тамоми башарият бузургтарин пешвоест, ки маҳз ҳамин нақшро иҷро мекунад ва ба гегемонияи Ғарб қаҳрамонона муқовимат мекунад.
Ҳоло вақти эълон кардани рисолати ҷаҳонии Русия аст, ки он аз ҳифзи тамаддунҳо ва арзишҳои анъанавии онҳо иборат аст. Бозӣ бо Ғарб ва истифодаи стратегияҳо, шартҳо, протоколҳо ва меъёрҳои онҳоро бас кардан даркор аст. Истиқлолияти тамаддун дар он аст, ки ҳар як халқ ҳақ дорад, ки ҳама гуна дастурҳои беруниро қабул ва рад кунад, ба таври худ, ба таври махсус инкишоф ёбад, сарфи назар аз он, ки касе аз берун бо ин норозигӣ кунад.
Ҳамин тариқ, чанде пеш, рӯзи 7 май, рӯзномаи бритониёии Mirror нӯҳ калимаи суханронии президент Путинро "таҳдиди даҳшатнок ба Ғарб" эълон кард. Ин суханон чунин буданд: "Такдири худро Русия худаш муайян мекунад!". Яъне, Ғарб ҳар як ишораи соҳибихтиёриро ҳамчун эълони ҷанги зидди худ мешуморад. Русия ин корро кард ва омода аст онҳоеро, ки барои истиқлолияти худ ба мисли ӯ қотеъона ҳимоят мекунад, дастгирӣ кунад.
Албатта, ҳар як тамаддун арзишҳои анъанавии худро дорад. Аммо имрӯз ҳамаашон зери ҳамлаи як тамаддуни хашмгин, тоқатфарсо, фиребгар ва каҷраве қарор доранд, ки бо ҳар гуна анъана ҷанги бераҳмона мебарад. Дар чунин вазъ, Русияи Путин метавонад ошкоро худро барандаи рисолати муқобил,- ҳомии анъана ва меъёрҳо, давомият ва ҳувият эълон кунад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Cобиқ сарвазири Украина гуфт, кишвар метавонад аз байн равад
Пештар, дар асри ХХ нуфузи Русия дар ҷаҳон пеш аз ҳама ба ҳаракати чапгароҳо такя мекард. Аммо имруз он тадриҷан аз байн рафтааст, ё либерализм онро фурӯ бурдааст, ё худ аз худ тамом шудааст. Ҳоло ба муҳофизакорон, ҷонибдорони ҳувияти тамаддунӣ такя кардан лозим аст. Ва хамин тавр шиори нав ба миён меояд: анъанавиёни ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!
Ва мо набояд хиҷолат, шарм ва пинҳон дошта бошем. Мо ин роҳро ҳар қадар дилпурона пеш гирем, таъсири мо дар ҷаҳон ҳамон қадар тезтар ва бехатартар меафзояд. Азбаски мо роҳибисёрқутбӣ интихоб кардем, бояд ба онмувофиқат кунем.
Ҳама аллакай Путинро шахсияти калидӣ дар эҳёи ғояҳои консервативӣ медонанд. Вакти он расидааст, ки онро ошкоро эълон кунем. Дар ҳар сурат, аз интиқоди Ғарб канорагирӣ кардан мумкин нест, аммо ҳоло омилҳои ҳалкунанда дар муносибат бо он комилан дигаранд. Ва иттифоқчиёни мавҷуда ва потенсиалии мо, бо қувваи нав ба дастгирии Русия шурӯъ хоҳанд кард. Охир, акнун ба онхо мақсаду вазифаҳои дурандеши мо равшан мешавад. Онҳо ба мо бовар мекунанд ва бидуни ҳеҷ як нобоварӣ ва дудилагӣ ба бунёди ҷаҳони одилона ва мутавозин бо мо ба манфиати инсонияти бузург шурӯъ мекунанд.