ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Лолахон Сатторӣ, наттоқи машҳури тоҷик, собиқадори радио ва телевизион дар соли 68-уми умраш даргузашт.
Дар ин бора ҳамкорон ва пайвандони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо таассуфи бузург хабар доданд, вале сабаби фавти Сатториро зикр накардаанд.
Лолахон Сатторӣ соли 1956 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи факултаи ҷуғрофияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе мебошад.
Кор дар радиоро аз соли 1982 шурӯъ карда то соли 1992 наттоқи радио буд.
Пасон, аз соли 1993 дар вазифаҳои муҳаррири варзидаи идораи сиёсӣ ва директори телевизиони тоҷик, сарвари Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалии радио, телевизион ва кино, раиси иттиҳодияи "Тоҷиккино", мудири шуъбаи наттоқони радиои тоҷик буд.
Як замон директори "Тоҷикфилм" буд ва раиси иттифоқи касабаи Кумита низ хидмат намуда буд.
Марҳум ба унвони Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон низ қадрдонӣ шудааст.