ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Собиқ вазири иқтисоди миллии Қазоқистон, Қуандиқ Бишимбоев ба 24 соли зиндон маҳкум шуд.
Додгоҳи ҳакамон Бишимбоевро дар куштори ваҳшиёнаи ҳамсараш Салтанат Нукенова гунаҳкор донист.
Ҳамчунин гуноҳи собиқ вазир дар шиканҷаи ҳамсари никоҳияш гунаҳкор дониста шуда, интизор меравад, муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш махсус сипарӣ кунад.
Яке аз наздикони Бишимбаев - Бахитҷон Байжанов ҳамагӣ барои чор сол ба зиндон хоҳад рафт. Вай дар рӯйпӯш намудани ҷиняоти махсус муҳим гунаҳкор дониста шуд.
Қуандик Бишимбоев 9 ноябри соли 2023 бо гумони куштор боздошт шуда буд. Ба гуфтаи тафтишот, дар тарабхонаи "БАУ" миёни ӯ ва Салтанат Нукенова муноқиша рух додааст. Зан дар пайи латукӯб ҷон додааст.
Мурофиаи асосӣ бо иштироки ҳакамон 27 марти соли 2024 оғоз ёфт, аввали май ба поин расид.
Дар сухани ниҳоӣ Бишимбоев гуноҳи худро дар марги Салтанат Нукенова эътироф карда, шиканҷа ва қатли барқасдона бо бераҳмии махсусро рад намуд.
“Ман гунаҳкорам, аммо на дар куштори қасдан. Аз дақиқаи аввали ҳабс ман ҳақиқати ҳоли он рӯзро гуфтам, ҳарчанд тамоми имконот доштам, кӯшиш накардам, ки пинҳон кунам ва аз масъулият гурезам”, - гуфт собиқ вазири иқтисод.
Қазияи мазкур масоили хушунати хонаводагиро дар Қазоқистон ва берун аз он дигарбора ба баҳс оварда, ҷомеаи шаҳрвандӣ хостори муборизаи муассиртар бо ин зуҳурот шуд.