ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Тоҷикистон барои нахустин бор дар 12 соли охир соҳиби роҳхати олимпӣ дар риштаи куштии озод гардид.
Паҳлавони ёқутистонӣ, Виктор Рассадин, ки қаблан шаҳрвандии варзишиии Тоҷикистонро гирифт, дар Олимпиадаи Париж дар ҳайати дастаи Тоҷикистон рақобат мекунад.
Рассадин роҳхати олимпиро дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии Истанбул соҳиб гардид. Ӯ дар даври ниманиҳоии мусобиқот бар Чермен Валиев, ки дар тими миллии Албания ҳунарнамоӣ мекунад, дастболо гардиду роҳхати олимпӣ гирифт.
Охири соли 2023 Виктор Рассадин аз UWW ё худ созмони ҷаҳонии куштӣ иҷозаи расмӣ гирифт, то дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ҷаҳон ва Олимпиадаи соли 2024 ширкат кунад.
Ахиран дар чемпионати Осиё дар риштаи куштии тарзи озод дар Бишкек сабқатҳо дар вазни то 74 кило сурат гирифтанд, ки дар ин вазн аз Тоҷикистон Рассадин ҳунарнамоӣ карда, то марҳилаи ниҳоӣ расида буд.
Вай акнун зӯрашро дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ месанҷад, ки аз 26 июл то 11 августи соли 2024 дар шаҳри Парижи Фаронса доир мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз амалиёти вижаи Русия дар Украина ниҳодҳои байналмилалии варзишӣ алайҳи варзишгарон ва тимҳои варзишии Русия таҳримҳо ҷорӣ карданд ва аз иштирок дар аксари сабқатҳои байналмилалӣ маҳрум карда шуданд. Бархе аз варзишкорони русиягӣ, шаҳрвандии варзишии дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро гирифтанд.