Ҳабси ронандаи автобуси сарозершуда ба дарё дар Санкт-Петербург: Ӯ дар суд чӣ гуфт?

Ронандаи автобуси сарозершуда ба дарё, Раҳматшоҳ Қурбонов дар додгоҳ гуноҳашро иқрор карда, изҳори пушаймонӣ намуд, хабар дод котиботи додгоҳ дар Санкт-Петербург
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Санкт-Петербург қарори ҳабси пешакии ронандаи автобуси сарозершуда ба дарё, Раҳматшоҳ Қурбоновро содир намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти додгоҳ хабар дода, афзуд, ки ронанда дар ду моҳ дар ҳабси пешакӣ қарор хоҳад дошт.
"Додгоҳ нисбати ронанда Раҳматшоҳ Қурбонов чораи ҳабси пешакӣ то 9-уми июли соли 2024-ро интихоб кард", - омадааст дар иттилоия.
Ронандаи автобуси сарозершуда дар навбати худ гуфтаст, ки ба гуноҳаш иқрор аст ва тавба мекунад, афзуд хадамоти матбуоти додгоҳ.
Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ: Чаро марг дар роҳҳои Тоҷикистон зиёд шудаст?
Қаблан сокинони Санкт-Петербург дар ҷое, ки автобус ба дарё сарозер шуд, ёдбуд барпо карданд. Ҳамчунин мақомот аз боздошти роҳбари колоннае хабар доданд, ки шароити кору истироҳати лозимиро фароҳам накардааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10 май дар шаҳри Санкт-Петербург як автобус бо мусофирон аз купрук ба дарёи Мойка сарозер шуд. Зимнан зикр гардид, ки ронанда идораро аз даст дода, ба ду мошин бархӯрда, панҷараро рахна карда, ба об сарозер шудааст.
Наҷотдиҳандагон 9 нафарро аз автобуси ғарқшуда наҷот доданд. Тибқи маълумоти ахири Сарраёсати тафтишотии Русия дар Санкт-Петербург, шумори кушташудагон дар натиҷаи ин ҳодиса ба 7 нафар расидааст.