Толибон* иддао доранд, ки фасоду ДИИШ**-ро дар Афғонистон решакан карданд

Мақомдори вазорати дифои ҳукумати толибон ахиран эълон кардааст, ки ДИИШ** ва фасоди идорӣ дар ҳудуди Афғонистон аз байн бурда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май - Sputnik. Мавлавии Холиди Ҳанафӣ, сарпарасти вазорати амр ба маърӯф ва наҳй аз мункири ҳукумати толибони тайи суханронӣ дар як гирдиҳамоӣ дар вилояти Панҷшер гуфт, ки даҳшатафканӣ, мункироту фасод дар Афғонистон ба сифр расида, ДИИШ** дар Афғонистони комилани нобуд шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ба тозагӣ дар вилояти Бадахшони пас аз даргириҳо ва эътирозот дар он вилояти теъдоде аз неруҳои толибон дар ҳамлаи даҳшати афканона кушта ва захмӣ шуданд ки масъулияти ин рӯйдодро гуруҳи террористии ДИИШ** бар уҳда гирифт.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири дифои Русия, Сергей Шойгу, дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Остона гуфт, таҳдиди асосӣ дар Осиёи Марказӣ аз гурӯҳҳои радикалии террористии воқеъ дар Афғонистон аст.
Муҷоҳид гуфт, аз Афғонистон гуруҳе ба Тоҷикистон таҳдид намекунад
Ба гуфтаи вазир, вазъ дар ин ҷо мушкил боқӣ монда, манбаи густариши терроризму ифротгароӣ маҳсуб мешавад.
Қаблан сардори ситоди муштараки СААД генерал-полковник Андрей Сердюков гуфта буд, ки Созмон афзоиши шумори ҷангҷӯёни гурӯҳи ДИИШ** дар наздикиҳои марзҳои ҷанубии Тоҷикистонро мушоҳида мекунад.
"Дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдиди асосӣ ба субот аз ҷониби созмонҳои террористиву экстремистии байналмилалӣ, аз қабили "Давлати исломӣ"*, "Ал-Қоида"** ва ғайра мебошад", - гуфт ӯ.
Қаблан масъулини СААД теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ** дар Афғонистонро беш аз 6500 нафар гуфта буданд, ки аксари онҳо - то 4 ҳазор нафар дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.
*-Созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия.