Шумори муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Санкт-Петербург 60% коҳиш ёфт

Теъдоди корҷӯён аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар минтақаи Санкт-Петербурги Русия якбора коҳиши ҷиддӣ ёфтааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Дар бозори кори Санкт-Петербург теъдоди коргарон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон башиддат коҳиш ёфтааст.
Омори ҷолибро ба расонаҳои Русия Андрей Кладов, коршиноси рӯзномаи муҳоҷират ва ҷалби коргарҳо хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, аз норасоии коргарони муҳоҷир дар пойтахти шимолии Русия бештар раҳбарони бахшҳои фурӯш, саноат ва сохтмон шикоят мекунанд.
"Дар аввали моҳи апрели соли 2024 дар бозори меҳнати Санкт-Петербург теъдоди муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, ки барои дарёфти кор муроҷиат кардаанд 60% ва аз Ӯзбекистон 40% коҳиш ёфтааст", - қайд кардааст коршинос.
Дар баробари ин, ҳаҷми умумии муроҷиатҳои муҳоҷирони корӣ барои кор, баръакс, дар муқоиса бо моҳи апрели соли 2023 ду баробар афзоиш ёфтааст.
Матвиенко аз кор сари қонунгузории муҳоҷират гуфт: Русия бе муҳоҷирон феълан наметавонад
Ҷойҳои холӣ маъмултарин барои муҳоҷирон ин сандуқдор ё кассир, молрасон, машваратчии савдо ва коргарони анборҳо мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сокинони ҷумҳурӣ тавсия дода буд, ки аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд.