Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Музокироти навбатии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи қисматҳои боқимондаи марз

Мулоқот дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон доир шуда, дар бораи дар қисматҳои боқимонда табодули афкор анҷом доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Аз 5 май то 11 майи соли равонр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тавсифи гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қисматҳои боқимонда табодули афкор анҷом доданд.
Ҳамчунин тарафҳо дар ин музокирот тасмим гирифтанд, ки ин корро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Қирғизистон баргузор мешавад, идома диҳанд.
Қайд карда шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум доир гардид.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз ҷаласа баргузор карданд
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ мулоқотҳои гурӯҳҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ вохӯрӣ баргузор шуд.
Кори ин гурӯҳ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд идома кард.
Ҳамчунин рӯзҳои 24 – 29 марти соли ҷорӣ ҷаласаи дуҷониба гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор гардид ва ҷонибҳо дар муайянкунии 28,37 км марзи давлатӣ ба мувофиқа расиданд.
Ин ҷаласа зери роҳбарии раисони КДАМ Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки давоми сол зиёда аз 197 км ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 км хати сарҳадро ташкил медиҳад.
Ба ин тартиб пурра муайянкуни хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 км ташкил медиҳад.