Баррасии мубориза бо терроризм дар АвруОсиё бо иштироки масъулини тоҷику русиягӣ

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҳамоиши байналмилалии амниятӣ гардид, ки дар он коршиносони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия ҳузурию маҷозӣ иштирок доштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ дар фазои Авруосиё - мавзӯи конфронси байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон шуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамоиш дар Академияи ВКД бахшида ба эълон гардидани соли 2024 – ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" сурат гирифт.
Роҳҳои муқовимат бар зидди ҷиноятҳои муосир, доир ба пешгирии ҷинояткорӣ ва муқовимат ба терроризму экстремизм мавзӯи меҳварии иштирокдорони ҳамоиш арзёбӣ шуд.
Тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт аз пешниҳодот ин ҳамоиш буд.
Раҳмон: мардуми Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ ба Крокус Сити Холлро маҳкум карданд
Дар конфронс вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, ёвари президенти Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқӣ Зариф Ализода, президенти ташкилоти байналмилалии "Иттифоқи криминалистон ва криминологҳо" аз шаҳри Маскав Николай Бодров иштирок кард.
Ахиран роҳбарони Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳо дар соҳаи амният, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ баррасӣ карда, ҳостори таҳкими ҳамкориҳои мақомоти ду кишвар дар ин бахш шуданд.