ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко гузарондани размоиши ҳастаӣ дар пасманзари ташаннуҷи авзоъро як раванди маъмулӣ хонд.
Вай дар шарҳи разоишҳо гуфт, силоҳи ҳастаӣ даҳшатбор аст, ки метавонад ҳазорҳо ҳазор кушта барҷой гузорад.
"Тавре пай бурдед, ки мо ва роҳбарияти Русия аксар вақт таъкид мекунем, ки гап сари аслиҳаи ҳастаии тактикӣ меравад, на стратегӣ. Гарчанде навъи тактикӣ ҳам имрӯз чанд баробар боиқтидортар аз онест, ки дар Хиросима ва Нагасаки истифода шуд", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки барои истифода бурдани ин гуна аслиҳа, бояд машқ кард, чун Белорус сеюмин чунин давраи омӯзишӣ гузаронда истодаасту Русия бешумор.
"Мебинед, ки вазъият чӣ гуна аст. Афзоиши ташаннуҷ аст, ки пеш аз ҳама аз Украина бармеояд. Инчунин Ховари Миёна алакай аланга мезанад, Эрон ҳам дар наздикӣ, баъдтар, дар минтақаи Уқёнуси Ором - бар зидди Чин иқдом шуда истодааст", - гуфт Лукашенко.
Вай таъкид намуд, ки барои Русия ва Белорус доштани ин силоҳ танҳо хусусияти боздоранда дорад.
Ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ба Ситоди генералӣ дастур дод, ки ба машқҳои истифодаи силоҳи ҳастаии ғайристратегӣ омода шаванд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар дода, афзуд, ки омодагӣ бо ҷалби тамоми намуди нерӯҳо оғоз гардиданд.
Ҳадаф аз баргузории машқҳо нигоҳ доштани омодагии ҳайати шахсӣ ва техникаи воҳидҳо барои истифодаи ҷангии силоҳи ҳастаии ғайристратегӣ барои посух додан ва таъмини тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии давлат мебошад, таъкид кардаст манбаъ.