Ҳалокати се ноболиғ дар обҳои Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон аз се ҳолати марги ноболиғон дар обҳои кишвар тайи рӯзҳои охир хабар дода, шаҳрвандонро ба эҳтиёткорӣ даъват кардаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон тайи шабонарӯзи охир ҷасади се ноболиғро аз обҳои ҷумҳурӣ берун овардаанд.
Ба иттилои КҲФ, аз ҷумла дар ноҳияи Айнӣ ҷасади як сокини 11-солаи вилояти Суғд, ки бар асари садама дар километри 118-уми шоҳроҳи Душанбе-Чанак ба об ғалтидаст, пайдо карда шуд.
Ҳамчунин рӯзи 9 май як сокини 15-солаи шаҳри Гулистон ҳангоми оббозӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик ғарқ шудаст. Ҷасади ноболиғро кормандони КҲФ пайдо карда, ба мақомоти милиса супоридаанд.
Раъду барқ ва жола: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон
Сеюмин ҳолати марги ноболиғ дар шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шудааст. Як сокини 14-солаи деҳаи Ёва дар рӯдхонаи Сирдарё ғарқ шудааст, иттилоъ дод КҲФ.
Ҳамасола бо фарорасии фасли гармо ҳолатҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар Тоҷикистон ба маротиб меафзояд, ки бештари қурбониён кӯдакҳо мебошанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ аз волидон даъват мекунад, ки фарзандони худро зери назорат гирифта, қоидаҳои рафтори бехатар дар обро ба онҳо фаҳмонанд.
Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват кардааст, танҳо дар маконҳои пешбинишуда барои оббозӣ шиноварӣ кунанд. Аз мушкилоти аслӣ дар ин бахш кам будани ҷойҳои махсуси барои оббозӣ пешбинишуда дар кишвар арзёбӣ мегардад.