ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Амалиёти заминии Исроил дар шаҳри Рафаҳ дар навори Ғазза омили изофии бесуботӣ дар вазъ дар Ховари Миёна аст.
Дар ин бора сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова дар брифинге ба хабарнигорон изҳор дошт.
Ӯ гуфт, Маскав аз Исроил риояи қонунҳои башариро тақозо мекунад.
“Омили иловагии бесуботӣ, аз ҷумла барои тамоми минтақа, оғози амалиёти низомии Исроил дар Рафаҳ дар ҷануби Ғазза буд. Дар робита ба ин, мо риояи қатъии муқаррароти ҳуқуқи башарии байналмилалиро талаб мекунем”, - гуфт Захарова.
Пештар аз ин дафтари матбуоти артиши Исроил хабар дода буд, ки варақаҳое партофта шудаанд, ки дар он аз сокинони қисмати шарқии Рафаҳ ба тахлия пеш аз амалиёти заминӣ даъват шудаанд.
Субҳи рӯзи сешанбе нерӯҳои Исроил аз оғози амалиёт дар қисмати шарқии шаҳр хабар доданд. Созмони Милал гуфт, ки гузаргоҳи Рафаҳро Исроил ба рӯи мошинҳои ҳомили кумакҳои башардӯстона бастааст.
СММ ахиран барои ҳамла ба Рафоҳ Исроилро дар нақзи тамоми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муттаҳам кард.
Сухангӯи Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи СММ Йенс Лаерке дар нишасти матбуотӣ дар Женева, гуфт, ин кишвар тамоми панҷ қоидаҳои ҳуқуқи байналмилалро нақз кард.
Дабири ин созмон Антониу Гуттериш изҳор дошт, ки амалиёти низомии Исроил дар Рафаҳ метавонад боиси "иштибоҳи стратегӣ, як фалокати сиёсӣ ва даҳшати башардӯстона" шавад.