Раҳмон дар назди "Оташи ҷовидон" дар Боғи Ғалабаи Душанбе гулчанбар гузошт

Дар ин рӯз ҳамчунин кишвардор ва шаҳрдори Душанбе бо бардоштани пардаи рамзӣ “Муҷассамаи ғалаба”-ро баъди интиқоли он ба боғи Ғалаба ва навсозиаш боз карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки дар ҷанг ҷони худро нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони халқи тоҷик президент руҳи шаҳидони роҳи озодиро шод намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар маросим, ки дар “Боғи Ғалаба”-и пойтахт сурат гирифт, ҳамчунин вазири дифои кишвар, шаҳрдори Душанбе раиси Маҷлиси намояндагон ва намояндагони сафорати Русия дар Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.
Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани пардаи рамзӣ “Муҷассамаи ғалаба”-ро баъди интиқоли он ба боғи Ғалаба ва навсозиаш ифтитоҳ карданд.
Путин президент ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Ғалаба табрик гуфт
Дар маросими ифтитоҳи маҷмааи навсозишуда ҳамчунин ҳайати расмии Федератсияи Русия бо роҳбарии Муовини раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Кара-Оол Шолбан иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон то кунун 24 сарбози Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 боқӣ мондааст.
Тибқи иттилои Элмурод Турсунов, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат аз ин теъдод, дар Хатлон – 10 нафар, Суғд – 6, Душанбе – 3 ва НТҶ – 5 нафар ба сар мебаранд.
Тибқи маълумоти расмӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ (1941 – 1945) ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд.
Аз ин теъдод беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 55 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.