То Олмон расидем: куҳансарбози тоҷик аз солҳои дар ҷабҳа буданаш гуфт - видео

Ин куҳансарбози тоҷик дар озодсозии Украина, Руминия, Чехословакия, Венгрия ширкат карда, муддате дар ҷанги Япония низ иштирок намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Ҳотамбек Шокиров, сокини ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистон аст, ки тули ҳафт сол дар ҷабаҳоти Ҷанги бузурги ватанӣ дар кишварҳои гуногун хидмат кардааст
Ӯ, ҳоло яке аз шаш кӯҳансарбоз дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад, ки 98 – сол дорад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар остонаи 79-умин умин солгарди Рӯзи Ғалаба ба ноҳияи Мастчоҳ рафт ва бо ин куҳансарбоз суҳбат кард.
Шокиров мегӯяд, ки моҳи ноябри соли 1943, замоне, ки 17 сол дошт ба фронт даъват шуда, пас аз омӯзиши курси махсуси ҳарбӣ хизматро дар шаҳри Ростови Русия оғоз намуд.
Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав рафт
Баъдан ба ҳайси тирандози моҳир (снайперист) ӯ, дар озодкунии кишварҳои Украина, Руминия, Чехословакия, Венгрия дар хати ҷабҳа хидмат кардааст.
Ӯ дар сарҳади Австрия ва Олмон ҳамчун нишонзани (снайперист) рота таҳти роҳбарии капитан Калесинков дар ҷабҳаи 3-юми Украина, ки ба он генерали артиш Толбухин роҳбарӣ мекард, адои хидмат намудааст.
“Вақте мо хоки Украинаро аз душман озод мекардем, ман ба ҳайси тирандоз дохили хандақ пинҳон мешудам, дар ин вақт пораи норинҷак ба қошам зад, ки то ҳоло изи он ҳаст. Худоро шукр, ки ман зинда мондам ва бо пирӯзӣ бар фашим ба Ватан баргаштем” – нақл кард, Шокиров.
Ин кӯҳансарбози тоҷик мегуяд, дар солҳои 1941 -1945 ҳама содиқона зери шиори “Қадам – қадам ба пеш” барои дифоъи сарзамин хидмат мекарданд.
Вай пас аз ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муддате дар ҷанги Япония низ иштирок намудааст.
Раҳмон дар назди "Оташи ҷовидон" дар Боғи Ғалабаи Душанбе гулчанбар гузошт
Мавсуф бо ордени “Ғалаба”, медалҳои “Барои озодиҳои Чехословакия, Украина, Молдовия, Руминия, Япония”, инчунин бо ифтихорномаҳои соҳавӣ ва медалҳои “Барои меҳнати шуҷоатнок” ва “Собиқадори меҳнат” сарфароз гардонида шудааст.
Ҳотамбек Шокиров, баъди бозгашт аз хизмати сарбозӣ 17 сол ба сифати афсар дар идораи пулис ва беш аз 20 соли дигар дар идораи сохтмонии колхоз дар ноҳияи Мастчоҳ кору фаъолият кардааст.