Савгандёдкунии 5-уми Путин ба ҳайси президенти тозаинтихоб - видео

Маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Русия Владимир Путин дар Кремли Маскав идома дорад. Интихоботи раисҷумҳур аз 15 то 17 март гузашта буд
Sputnik
Савгандёдкунии Владимир Путин дар ҳузури аъзои ҳукумат, вакилони Думаи давлатӣ ва сенаторҳо, роҳбарони дастгоҳи президент, судяҳои Суди конститутсионӣ, корпуси дипломатӣ ва дигар мансабдорони давлатӣ ҷараён дорад.
Дар маросим ҳамчунин ситораҳои варзиш ва шоу-бизнес низ ҳастанд, гуфт ёвари президенти Русия дар масъалаҳои байналмилалӣ, Юрий Ушаков.
Дар чорабинӣ сарони намояндагиҳои дипломатии муқими Маскав ширкат хоҳанд кард. Ушаков фаҳмонд, ки сухан дар бораи ҳамаи сардорони намояндагиҳои дипломатие меравад, ки дар Маскав сабт шудаанд.
Сипоси Путин ба шаҳрвандон барои иштирок дар интихобот
Қобили зикр аст, ки пас аз савгандёдкунии раисиҷумҳури Русия, Девони вазирони феълӣ салоҳиятҳои худро вогузошта, истеъфо медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки ин панҷумин маросими савгандёдкунӣ дар карераи сиёсии Путин аст. Вай барои шаш соли оянда - то соли 2030 мақоми раисиҷумҳури Русияро ишғол мекунад.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Русия аз 15 то 17 март баргузор шуд ва бар асоси натоиҷи он, раисиҷумҳури феълӣ Владимир Путин беш аз 87%-и овозҳоро ба даст овард.