ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Изҳороти роҳбарияти Украина, Аврупо ва Амрико аз ин шаҳодат медиҳад, ки ҳеч нафарашон ба гуфтугӯи ҷиддӣ омода несту танҳо вонмуд карда истодаанд.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров дар шарҳи имкони ҳар гуна музокира миёни Ғарб, Украина ва Маскав ва эҳтимоли оташбас ба телевизиони "АТВ" баён дошт.
"Ҳанӯз касе нест, ки бо ӯ гуфтугӯ карда шавад. Ҳеҷ яке аз сиёсатмадорони ғарбӣ ва украинӣ ба ин омода нест. Танҳо вонамуди музокира мекунанд", - гуфт Лавров.
Вай мулоқоти тарҳрезишуда дар Швейтсарияро номуваффақ хонда, афзуд, ки "формати Копенгаген" комилан сарбаста аст.
Вай таъкид кард, ки Ғарб кӯшиш мекунад "бо росту дурӯғ ва таҳдид" шумораи ҳадди аксари кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва кишварҳои ҷануби глобалиро ба ин нишаст дар Швейтсария ҷалб созад.
Ба гуфтаи Лавров, сарфи назар аз иддао ба Швейтсария касе иҷозат намедиҳад, ки аз формулаи Зеленский дур равад. Ин кишвар гарчанде худро бетараф эълон кардааст, дер боз чунин нест ва аз таъминкунандаҳои Украина бо силоҳ мебошад, гуфт ӯ.
Швейтсария 15-16 июн дар наздикии шаҳри Лютсерн дар масъалаи Украина конфронс баргузор мекунад. Русия дар он иштирок намекунад. Ба ин нишаст тақрибан 160 давлат даъват шудаанд.
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков қаблан гуфта буд, ки раванди музокирот дар бораи Украина бидуни ширкати Русия маъно надорад. Маскав борҳо изҳор доштааст, ки ба музокирот омода аст, аммо Киев дар сатҳи қонунгузорӣ манъи музокиротро ҷорӣ кардааст.