ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон барномаи вижаи таҷлил аз 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании 1941 - 1945 амалӣ хоҳад шуд, ки дар доираи гузашти ҳарбӣ дар назар аст.
Тавре аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар доираи таҷлил маросими гулчанбаргузорӣ барои поси хотири қаҳрамонони он ҷанг баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар ин маросим раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок кунад.
Инчунин маҷмааи ёдбудӣ, аз ҷумла танке, ки аз маркази Душанбе ба Боғи Ғалаба кӯчонда хоҳад шуд, расман ифтитоҳ мегардад.
Дар баробари ин чорабиниҳои мухталифи фарҳангию маърифатӣ дар назар аст, ки ба насли наврас аз корнамоиҳои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақл карда мешавад, миллионҳо нафар дар ҳифзи Ватан ҷон доданд.
Дар маҷмуъ аз Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор нафар ба ҶБВ рафтанд, ки аз он ҳудуди 100 ҳазор нафарашон барнагаштанд.
Аз миёни иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 64 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонда шудаанд.