ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Қариби 7,5 ҳазор маълул дар гуруҳҳои махсус дар Тоҷикистон бо таҳсил фаро гирифта шудаанд, иттилоъ дод Вазорати маориф ва илми кишвар.
Ҳарчанд ин наврасон бо амри тақдир маълуланд, вале аз илмомӯзӣ дур нестанд, изҳор дошт сухангӯи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Наврӯзи Мирзо ба Sputnik Тоҷикистон.
"Ин гуна толибилмон дар мактабинтернатҳои махсуси шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла барои кӯдакони ақлан носолим, барои кӯдакони хирачашм ва барои кӯдакони имконияти нутқ ва шунвоиашон суст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд", - гуфт ӯ.
Бино ба иттилои мушовири Раёсати маорифи вилояти Суғд, Сафулло Раҳматов, дар вилояти Суғд алҳол беш аз 1950 маълул ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Меҳрубон Пӯлотов, яке аз хонандаҳоест, ки панҷ сол ба ин тараф дар мактаб-интернат барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобино дар шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунад.
Ӯ қаблан дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ноҳияи Деваштич таҳсил карда, сипас ба Хуҷанд омад ва ин ҷо ҳамроҳи ҳамтақдиронаш дар мактаби хос таҳсил мекунад.
"Ин ҷо барномаи таълимии мо аз дигар муассисаҳо фарқ мекунад. Маводҳои таълимӣ ин ҷо бо хати крилӣ ва брайлӣ омӯзиш дода мешавад. Дар хобгоҳ зиндагӣ мекунем ва дар рӯзҳои истироҳатӣ ба хона назди волидонамон меравем", - гуфт Меҳрубон.
Дар мактаб-интернат ва ё ба таҳсили хонагӣ фаро гирифтани хонандагон дар асоси хулосаи тиббии комиссияи шуъбаҳои маориф ба роҳ монда мешавад.
Дар маҷмуъ ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон феълан дар кишвар беш аз 2,3 млн хонанда дар синфҳои 1 то 11 таҳсил мекунанд.