ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. ҶСК "Ширкати алюминийи тоҷик" ва ё маъруф ба ТАЛКО қасд дорад, дар соли ҷорӣ истеҳсоли алюминийи аввалияро ба таври қобили мулоқҳиза афзоиш диҳад.
Дар ин бора Игор Сатторов, сухангӯи гурӯҳи ширкат ба нашрияи "Ҷумҳурият" хабар дода, гуфтааст, ки дар нақша аст, ки ҳаҷми истеҳсол ба зиёда аз 25% афзояд.
"Тибқи нақшаи стратегии ТАЛКО барои соли 2024, бо назардошти корандозии электролизёрҳои нав, истеҳсоли алюминийи аввалияро то охири сол беш аз 84000 тонна, яъне, камаш 25% нисбат ба соли 2023 биафзояд",- афзудааст манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки истеҳсоли алюминийи аввалия дар соли 2023 ба 66 649 тонна расид, ки нисбат ба соли 2022-юм, 4 606 тонна ё 107,4 дарсад зиёд буд.
Ба иттилои манбаъ, истеҳсоли алюминийи аввалия дар семоҳаи якуми соли 2024-ум 19 731,75 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли 2023-юм 4235,8 тонна ё 127,3% зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, ки ширкат дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба ҶММ "Нокили ТАЛКО", ҶСП "НокилиТурсунзода", ҶММ "КМ ТТ ТАЧПРОФ", ҶММ "Алюпроф" ва истеъмолгарони дигари дохилӣ 2 883,5 тонна алюминий ба маблағи 70,4 миллион сомонӣ додааст.
Таъкид шудааст, ки маҳсулоти корхонаҳои мазкур, дар баробари интиқол ба бозори дохилӣ, ба хориҷи кишвар, қабл аз ҳама, ба Ӯзбекистон, Қирғизистон,Туркия ва Эрон содирот шудаанд.
Ба гуфтаи Сатторов маблағи маҳсулоти молии ҶСК "Ширкати алюминийи тоҷик" дар семоҳаи якуми соли 2024 ба 149,4 миллион сомонӣ расонда шуд, ки назар ба семоҳаи якуми соли 2023-юм 32,4 миллион сомонӣ зиёд аст.
"Маблағи фурӯши маҳсулот 143,3 миллион сомониро ташкил дод ва дар қиёс ба семоҳаи якуми соли 2023-юм 28,6 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад", - афзуд манбаъ.
Гардиши савдои берунии Ширкат дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 68,5 млн доллар, аз ҷумла воридот 30,9 млн, содирот 37,6 млн долларро, ташкил додаст.
Нархи миёнаи алюминий дар Биржаи филизоти Лондон дар семоҳаи якуми соли 2024-ум 2199 $ /тн-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 196 $/тн кам мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 гардиши савдои хориҷии ин ширкат 244,4 млн долларро ташкил дод, аз он 113,7 млн доллар воридот ва 130,6 млн доллар содирот буд.