ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи "Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст" кушода шудааст.
Он ба 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 80-умин солгарди озод шудани пурраи Ленинград аз муҳосираи фашистӣ бахшида шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ширкат дошт, хабар медиҳад дафтари матбуоти намояндагии дипломатӣ.
Дар намоишгоҳ аз фондҳои Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон: аксҳо, нимпайкараҳо, ҳуҷҷатҳо ва тасовир, техникаи ҳарбӣ, ордену медалҳо ба намоиш гузошта шудаанд.
"Баъд аз чанд рӯз ҳама якҷо 79-умин солгарди Ғалабаро дар Ҷанги Бузурги Ватаниро таҷлил мекунем. Ҳар як ҷумҳурии иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ғалабаи умумӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст”, - таъкид кард сафири Русия дар суханронии худ.
Ӯ махсусан қайд кард, ки халқи тоҷик мардонагии қаҳрамонона нишон дода, дар ҷабҳа бо ҳамроҳии намояндагони ҳамаи халқҳои сокини Иттифоқи Шӯравӣ ба муқобили душман ҷангида, дар ақибгоҳ меҳнат карда, гурезаҳоро аз тамоми гӯшаю канорҳои мамлакат қабул кард.
Григорев ҳамчунин ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории доимӣ ба собиқадорон ва муносибати бодиққат ба таърихи умумӣ изҳори сипос кард.
Пас аз анҷоми қисми расмӣ ба меҳмонони чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо сурудҳои замони ҷанг дар иҷрои дастаи Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ) ва дигар муассисаҳо пешкаш карда шуд.