Даргузашти Саъдулло Раҳимов, фарҳангшинос ва киношиноси машҳури тоҷик

Маросими видоъ бо марҳум дар назди хонааш кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ, 10 ва ҷанозааш пас аз намози зуҳр дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе сурат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik. Саъдулло Раҳимов, фарҳангшинос, муҳаққиқ ва мунаққиди синамо ва доктори илмҳои фалсафа дар синни 73-солагӣ даргузашт.
Дар ин бора яке аз шогирдони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода гуфт, ки Раҳимов бомдоди имрӯз 5 май аз олам гузашт.

"Устод тайи ҳафтаи ахир дар беморхонаи "Шифобахш" (машҳур ба Қарияи боло) табобат мегирифту ахиранд ҷарроҳи шуданду вазъашон каме нохуб буд. Бомдоди имрӯз хабар расид, ки фавтидаанд",- афзуд манбаъ.

Манбаъ гуфт, ки маросими видоъ бо марҳум дар назди хонааш кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ, 10 ва ҷанозааш пас аз намози зуҳр дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе сурат мегирад.
Гуфта мешавад, ки Раҳимовро дар қабристони “Каленин” дафн хоҳанд кард.
Ӯ аз афроди саршинос дар синамои тоҷик буда, соли 1951 дар ноҳияи Ромитани вилояти Бухоро таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси Университети давлатии Тоҷикистон (1974) аст.
Рӯзноманигори шинохта Сайфуллоҳ Маҳкамов даргузашт
Номбурда доктори улуми фалсафа буда, солҳо дар Институти фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳсилу фаъолият ва унвонҳоряшро дар Маскав дифоъ кардааст.
Мавсуф раҳбарии киностудияи “Тоҷикфилм”-ро тйи солҳои 1987-1993, 1995-1997 ба зима дошт ва ҳудуди як сол муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио низ будааст.
Раҳимов ҳамчун мунаққиди забардасти кино ҳанӯз соли 1985 узви Иттифоқи синамогарони СССР ва ҳамчунин узви Федератсияи байналмилалии филмшиносони FIPRESCI буд.
Муаллифи сенария, коргардони бисёр филмҳои ҳуҷҷатӣ, аз қабили "Занон-сармоядорон", "Маҳваш", "Сайёҳат дар Ватан", "Арӯсак", "Ҷойҳои муқаддас", "Насими Қаратоғ", "Ман мунаққиди одилам", "Академик Диноршоев", силсилафилмҳо дар бораи ВМКБ: "Ишкошимиҳо", "Рӯшониҳо", "Гулбек" аст.
Вай ҳамзамон бобати таърихи афкори эстетикии халқи тоҷик, марҳилаҳои он, эстетика ва ақоиди фалсафии зардуштия таҳқиқоти судманд анҷом додааст.