Дар Тоҷикистон гуруҳи корӣ барои паст кардани фоизи қарзҳои бонкӣ фаъолият дорад

Дар панҷ соли охир меъёри миёнавазни қарз дар Тоҷикистон бо пули миллӣ аз 28 то 23% ва бо асъори хориҷӣ аз 22 то 11% паст карда шудааст, иттилоъ дод БМТ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои қарзию молиявии кишвар барои поин бурдани фоизи қарзҳои бонкӣ корбарӣ намуда истодааст.
Дар ин бора муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Гулбаҳор Назирӣ дар посух ба суоли вакил Саидҷаъфат Усмонзода изҳор дошт.
Намояндаи мардумӣ гуфт, яке аз масъалаҳои асосие, ки ба соҳибкорон мушкил эҷод мекунад, фоизҳои баланди қарзи бонкҳо аст, навиштааст нашрияи парлумонии "Садои мардум".
"Бо фармони раиси БМТ гурӯҳи кории доимо­амалкунанда фаъолият мебарад, ки бевосита бо роҳбарони ташкилотҳои қарзию молиявии кишвар ҷаласаҳои корӣ баргузор намуда, бозбинӣ кардани фоизи қарзҳоеро, ки ба шаҳрвандону соҳибкорон пешниҳод мегарданд, баррасӣ менамояд", - гуфт Назирӣ.
Муғулистон бо ИИАО то охири сол шартнома дар бораи тиҷорати озод ба имзо хоҳад расонд
Вай афзуд, дар панҷ соли охир меъёри миёнавазни қарз дар Тоҷикистон бо пули миллӣ аз 28 то 23% ва бо асъори хориҷӣ аз 22 то 11% паст карда шудааст.
Ташкилотҳои қарзию молиявии кишвар ҳамчун миёнарави молиявӣ фаъолият мекунанд ва бонкҳо бо дарназардошти ҳамаи хароҷоте, ки доранд, фоизи қарзро муайян мекунанд, зикр намуд муовини раиси БМТ.
"Мо наметавонем, ки ташкилотҳои қарзию молиявиро маҷбур кунем, ки фоизи қарзиро паст кунанд, чунки ин ба пешбурди фаъолияти ташкилот низ зарар расонданаш мумкин аст", - гуфт ӯ.
БМТ доимо оид ба кам кардани хароҷоте, ки ташкилотҳои қарзию молиявӣ доранд ва бозбинӣ намудани хароҷоти дуюмдараҷаро тавсия медиҳад, афзуд Назирӣ.