Намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон-2024" ба ривояти акс

Беш аз 60 ширкати дохилию хориҷӣ дар шаҳри Душанбе маҳсулоташонро пешниҳоди тамошобинон ва харидорон кардаанд. Намоишгоҳ то 5 май идома меёбад
Sputnik
1 / 10

Дар пойтахти Тоҷикистон ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Беларус, Ӯзбекистон, Чин, Покистон ва Туркия маҳсулоташонро пешниҳод кардаанд.

2 / 10

Намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон-2024" дар Душанбе то 5 май идома хоҳад кард.

3 / 10

Дар умум дар он молу маҳсулоти 65 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

4 / 10

Намунаи маҳсулоти мошинсозӣ, маводи кимиё, саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ пешниҳод шудаанд.

5 / 10

Саноат аз самтҳои меҳварии кори намоишгоҳ ба шумор меравад.

6 / 10

Ташкилотҳои молиявӣ низ хадамоташонро муаррифӣ намуданд.

7 / 10

Ҳадаф муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияи нав, ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак муаррифӣ шуд.

8 / 10

Ҳунармандон низ маҳсулоташонро пешниҳоди ҳозирин карданд.

9 / 10

Саноати сабук, кишоварзӣ, фармасевтика ва ороиши гигиенӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз самтҳои дигари кори намоишгоҳ буданд.

10 / 10

Намоишгоҳи Тоҷикистон, ки тақрибан ҳамасола аз соли 2016 то инҷониб баргузор мешавад, барои ширкатҳои хориҷӣ дар дарёфти мизоҷон низ кумак мекунад.