Дар пойтахти Тоҷикистон ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Беларус, Ӯзбекистон, Чин, Покистон ва Туркия маҳсулоташонро пешниҳод кардаанд.
Намоишгоҳ то 5 май идома мекунад ва дар он зиёда аз 60 ширкати дохилию хориҷӣ маҳсулоти худро пешкаши тамошобинону харидорон мекунанд.
Ҳадаф муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияи нав, ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак муаррифӣ шуд.
Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо намоянд. Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.