ИИАО технологияҳои IT-ро бо Куба мубодила хоҳад кард

Намояндагони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Куба дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолиятҳои муштарак ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ҳамкориҳои мутақобила дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсия байни давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Куба дар назар аст, ки ба роҳ монда шаванд.
Дар ин бора дар мулоқоти директори департаменти технологияҳои иттилоотии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Александр Алексанян ва гурӯҳи тиҷоратии Куба оид ба иттилоот ва коммуникатсия бо роҳбарии Ариадна Пласенсия Кастро сухан рафт.
Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар ИИАО беҳтар шудаанд
Ҷонибҳо фаъолияти муштарак ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти КИАО.
Қайд карда шуд, ки иттиҳодия дар ин роҳ бо дигар мамлакат — Ветнам аллакай натиҷаҳои мусбати корро рӯи даст дорад.
"Ин таҷрибаро метавон дар табодули электронии иттилоот бо Куба истифода бурд", - қайд кард Алексанян.
Қобили зикр аст, ки Куба як кишвари нозири Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошад.
Қаблан, КИАО ва Куба Ёддошти тафоҳум байни Комиссия ва ҳукумати Куба, инчунин нақшаи амалиёти муштаракро имзо карданд.