ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Нисбати шаҳрвандони 25 кишвар низоми бераводиди яктарафаи вуруду будубош дар Тоҷикистон ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ карда шудааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки қарори мазкур аз 1 май мавриди амал қарор мегирад.
Дар феҳраст аз ҷумла Андорра, Баҳамас, Босния ва Гертсеговина, Бразилия, Булғористон, Коста Рика, Кипр, Ирландия, Малта, Ҷазираҳои Маршал, Мексика, Муғулистон, Черногория, Умон, Руминия, Федератсияи Сент-Китс ва Невис, Сент-Люсия, Сан-Марино, Сербия, Словакия, Словения, Сулаймон, Сент-Винсент ва Гренадинӣ ва Вотикон зикр шудаанд.
Ин муқаррарот нисбати давлати Фаластин низ ҷорӣ гардида, тавзеҳ дода шудаст, ки он танҳо барои дорандаҳои шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматию махсус аз ин кишвар дахл дорад.
Инчунин нисбат ба шаҳрвандони 16 давлат, ки синнашон аз 55 боло аст, низоми бераводид ба муҳлати 14 рӯз муқаррар гардидаст.
Ба ин рӯйхат Албания, Алҷазоир, Барбадос, Вануату, Чин, Иттиҳоди Доминика, Фиҷӣ, Лаос, Лубнон, Мадагаскар, Марокаш, Мақдунияи Шимолӣ, Никарагуа, Панама, Тунис ва Ветнам вориданд.
Ба қатори давлатҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд тариқи низоми содакардашуда раводиди Тоҷикистонро гиранд, 14 давлати дигар зам шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид намудаст, ки шаҳрвандони давлатҳои зикршуда агар ба муҳлати зиёда аз 14 ва ё 30 рӯз ба мақсади корӣ, таҳсил, истиқомати доимӣ ва ё дигар мақсади ғайрисайёҳӣ ворид мегарданд, уҳдадоранд қабл аз сафар ба Тоҷикистон раводиди ба мақсади будубош мувофиқро барасмият дароранд.