Занги Лавров ба Муҳриддин: Ӯ гуфт, санҷишҳо муваққатиянду зидди дину миллате нестанд

Дар пайи супоридани нота ба сафири рус дар Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии Русия ба ҳамтои тоҷикаш занг заду тафсилоти қазияро тавзеҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Бо ташаббуси ҷониби Маскав вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров ва ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин суҳбати телефонӣ доштаанд.
Ба иттилои ВУХ Русия, Лавров ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи чораҳои андешидаи мақомоти рус ҷиҳати пешгирии терроризм тибқи қонунгузории кишвар тавзеҳоти муфассали иловагӣ дод.
"Ҳодисаҳои фоҷиавӣ дар "Крокус Сити Холл" сабаби асосии тафтиши ҳамаҷонибаи шаҳрвандони хориҷии воридшаванда ба Русия шудаст", - изҳор доштаст Лавров.
Ӯ илова намудаст, ки ин тадбирҳо хусусияти муваққатӣ дошта, алайҳи миллату дини алоҳида равона нашудаанд.
Таъкид гардидаст, ки мунтазам вазъият дар гузаргоҳҳои марзӣ муътадил шуда истодааст.
Ҷонибҳо дар мавриди зарурати ғамхорӣ ба муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Русия ва Тоҷикистон, ки аз санҷиши замон гузаштаанд, таъкид кардаанд.
Русия кори донишгоҳи славянӣ дар Душанберо месанҷад
Роҳбарони ниҳодҳои дипломатии ду кишвар дар масъалаи ҳифз ва таҳкими раванди мусбати муносибот изҳори ҳамовозӣ кардаанд.
Суҳбати вазирон дар пасманзари хабарҳо дар мавриди мушкилоти вуруди бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия сурат гирифтааст, ки ҷониби Маскав онҳоро ба таҳкими чораҳои бехатарӣ рабт медиҳад.