ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон пас аз баромади муваффақона дар Ҷоми Осиё-2024 ба Ватан баргашт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи футзали моро намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, шаҳрдории Душанбе, Федератсияи футбол, рӯзноманигорон, мухлисон ва наздиконашон пешвоз гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 ба чоргонаи дастаҳои беҳтарини қитъа ворид шуда, барои аввалин бор дар таърихи худ роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2024-ро ба даст овард.
Чемпионати ҷаҳон аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон барпо мешавад.
Ахиран ҳабдаҳумин Ҷоми Осиё оид ба футзал ба поён расид, ки дар он дар даври нимниҳоӣ тими Тоҷикистон аз дастаи мизбон - Бангкок шикаст хӯрд.
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Ӯзбекистон андари майдони рақобат гардид.
Вохӯрӣ дастаҳо дар маҷмааи варзишии "Бангкок Арена" баргузор шуда, ба фоидаи тими миллии Ӯзбекистон анҷом ёфт. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 5:5 анҷом ёфт, дар зарбаҳои пеналти футзалбозони Ӯзбекистон дақиқтар баромаданд ва ҳисоб 3:1 шуд.
Голҳои тими миллии моро Самандар Ризомов (дубл), Комрон Алиев ва Умед Кузиев ба самар расониданд.
Дар ин мусобиқа тими мунтахаби Эрон бори 13-ум қаҳрамони Осиё дар риштаи футзал шуд.