ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Номзади ба мақоми президентии ИМА дар интихоботи соли 2024 дар як тазоҳуроти тарафдори Фаластин боздошт шуд.
Ин намояндаи Ҳизби Сабз Ҷилл Стейни 73-сола аст.
Дар ин бора дастгоҳи марказии тими пешазинтихоботии ӯ хабар дод.
"Ҷилл Стейн, мудири маъракаи пешазинтихоботии ӯ Ҷейсон Кол ва муовини мудири маъракаи пешазинтихоботӣ Келлӣ Меррилл-Кер дар Донишгоҳи Вашингтон дар Сент-Луис ҳангоми пуштибонӣ аз эътироз аз иртиботи донишгоҳ бо ҷанг дар Ғазза боздошт шуданд",- гуфта мешавад дар паёме, ки дар сафҳаи Стейн дар X нашр шудааст.
Менеҷери маъракаи пешазинтихоботии Ҷейсон Колл ба Fox News гуфт, ки Стейн дар байни тақрибан 100 нафар боздоштшудагони барои ширкат дар эътироз қарор дорад.
"Тими Стейн аз талабҳои донишҷӯён ва эътироз ва гирдиҳамоии осоиштаи онҳо дар шаҳраки донишҷӯён пуштибонӣ мекунад" ,- гуфт Колл.
Эътирозгарон аз донишгоҳ талаб карданд, ки аз саҳмияҳои ширкати Boeing, ки " дар муассисаи наздики Сент-Чарлз, барои тавлиди лавозимоти ҷангӣ истифода ва ба генотсиди мардуми Фаластин дар навори Ғазза равона мегардад" даст кашад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки тайи даҳ рӯзи ахир ҳудуди 900 нафар дар тазоҳурот дар донишгоҳҳои Амрико боздошт шудаанд.
Стейн, зодаи Чикаго ва хатмкардаи Ҳарвард аст. Маъракаи президентӣ барои ӯ бегона нест: Вай дар солҳои 2012 ва 2016 барои курсии баландтарин дар кишвар аз ҷониби Ҳизби Сабз номзад шуда буд ва пеш аз он ду маротиба кӯшиш кард, ки губернатори Массачусетс шавад.
Дар ин иёлат вай аз охири солҳои 90-ум ба фаъолият машғул шуда, изҳор дошт, ки саломатии одамон мустақиман аз муҳити зист вобаста аст. Маъракаҳои барҷастаи Стейн дар солҳои ахир аз суханронӣ дар дифоъ аз раиси WikiLeaks ва муассиси он Ҷулиан Ассанҷ иборат буданд.
Ба гузориши нашрияи Washington Post, давоми 10 рӯзи охир пулиси ИМА дар намоишҳои тарафдорӣ аз Фаластин, ки дар ҳудуди як қатор донишгоҳҳои калонтарини мамлакат барпо гардид, қариб 900 касро дастгир кардааст.
Кампусҳои донишгоҳҳои бонуфузи Амрико ба маркази эътирозҳо алайҳи амалиёти Исроил дар навори Ғазза табдил шудаанд.
Фаъолон аз кумаке, ки ИМА ба ҳампаймони асосии худ дар Шарқи Наздик мерасонад, норозигӣ доранд. Эътирозҳо дар пасманзари тасвиби бастаи нави кумак ба Исроил аз сӯи Вошингтон шиддат гирифт.