ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Тафоҳумномаи ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон дар бахши ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ аз тариқи бандари Чобҳор миёни Алиакбари Сафои, муовини вазири роҳу шаҳрсозӣ ва мудири омили созмони бандарҳо ва дарёнавардии Эрон ва Шоиста Муродзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон ба имзо расид.
Ба иттилои расонаҳои эронӣ ин тафоҳумнома бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои нақлиётии чандҷониба байни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расид.
Бояд қайд кард, ки ҳайати Тоҷикистон ба сарпарастии муовини вазири нақлиёт дар сафар ба Теҳрон пас аз мулоқот бо мақомоти баландпояи Созмони бандарҳо ва дарёнавардӣ аз зерсохтҳо ва зарфиятҳои транзитии бандари Чобҳор низ боздид карданд.
Ёдовар мешавем, ки мавзӯи ҳамкории нақлиётию логистикӣ соли 2023 дар Душанбе, дар ҷараёни мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ баррасӣ гардида буд.
Дар натиҷаи гуфтушуниди онҳо Ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи интиқоли байналмилалии бор ва транзит тавассути бандари Эрон "Чабаҳор" ба имзо расонида буданд.
Қаблан Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар гуфтугӯ бо сафири Эрон омодагии Душанбе барои сармоягузорӣ дар бандари Чобаҳор ба манзури эҷоди таъсисоти лозим барои тронзити коло аз қаламрави Эронро эълом карда буд.
Азим Иброҳим қайд карда буд, ки иҷрои ёддошти тафоҳуми ҳамкории ҳамлу нақлу тронзити байни Эрону Тоҷикистон барои дастрасии ин кишвар ба обҳои озод ва бозорҳои байналмилалӣ барои содироти маҳсулот ва таъмини ниёзҳои воридотиро муҳим аст.
Чобаҳор" бузургтарин бандари воқеъ дар устони ҷанубу шарқии Эрон Сиистон ва Балуҷистон дар соҳили Халиҷи Усмонӣ мебошад. Аҳамияти стратегии бандар дар он аст, ки он ба уқёнуси Ҳинд дастрасии мустақим дорад. Уқёнуси Ҳинд аз ҷиҳати умқу масоҳати дар уқёнуси ҷаҳонӣ пас аз Уқёнуси Ором Аз Уқёнуси Атлантик дар ҷои сеюм қарор дорад. Дар айни замон, он дар 1/5 сатҳи сайёраи мо ҷойгир шудааст. Масоҳаташ аз 76 миллион километри мураббаъ бештар аст ва сарҳади он хати соҳили 4 қитъаро убур мекунад: аз ҷониби ҷануб — Антарктида, сарҳади шарқӣ — соҳили Австралия, сарҳади ғарбӣ — соҳили Африқо ва аз ҷониби шимол — Осиё.
Дар айни замон, дар Осиё 16 давлат ба Уқёнуси Ҳинд дастрасӣ доранд: Ҳиндустон, Бангладеш, Исроил, Яман, Урдун, Эрон, Ироқ, Қатар, Кувайт, Мянма, Малайзия, Умон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Таиланд ва Арабистони Саудӣ.
Тоҷикистон имкон дорад, ки ба ин давлатҳо ҳамроҳ шавад, яъне аз тариқи долони байналмилалии мультимодалии "Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо" тавассути бандари "Чабаҳор" ба Уқёнуси Ҳинд барояд.