Сиёсатшиноси афғон: Зеленскийро тақдири Ғанӣ интизор аст

Ғарб дар пайравӣ аз мисоли Афғонистон ба таслими Украина ва ҳама муттаҳидонаш омодагӣ мегирад, изҳори боварӣ намуд сиёсатшиноси афғон
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский имкон дорад, нобуд карда шавад ё тақдири Ашраф Ғанӣ дар ӯ такрор шавад.
Ин нуктаро сиёсатшинос, Муҳаммад Ҳаким Торсан дар суҳбат бо Sputnik Афғонистон баён дошт.
Ғарб бо пайравӣ аз Афғонистон ба таслими Украина ва ҳама муттаҳидонаш омодагӣ мегирад, гуфт ӯ.
Дар ин ҳолат Зеленский метавонад аз Ғанӣ пайравӣ карда, ҳамватанони худро партофта, бо пул фирор кунад, имкон дорад кушта ҳам шавад, мегӯяд коршинос.
"Ваъдаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидонаш ба Украина қаблан ба Афғонистон дода шуда буданд, мутаассифона, мо шоҳиди он будем, ки онҳо мардумро партофта, як созишномаи нангинро баставу фирор карданд",- гуфт Торсан.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Украина истифодаи Abrams-ҳои амрикоиро қатъ кардаст
Ахиран сарвазири собиқи Украина, Николай Азаров изҳор дошт, ки бо поин рафтани рейтингаш Владимир Зеленский дар идораи Украина зӯрии бештар ба кор мебарад.
Ба гуфтаи Азаров раёсати феълии Украина дучори буҳрони коҳиши дастгирии мардум шудааст.
"Зеленский бо мушкили поин рафтани рейтинги ҳукумат рӯбарӯ аст. Он ҳар моҳ мунтазам ва бемайлон поин меравад. Укроинҳо кайҳо боз тасвиб ва пуштибонӣ аз амалҳо ва қарорҳои режими Киевро бас кардаанд", - гуфт ӯ.
Ахиран гурӯҳи пажуҳишии "Рейтинг" маълумоти пурсишро нашр кард, ки тибқи он шумораи сокинони Украина, ки аз фаъолияти Зеленский комилан розӣ ҳастанд, дар тӯли ду сол аз 74% то 22% коҳиш ёфтааст.