Маскав гуфт, ки аз муҳоҷирон ва ҳукумати Тоҷикистон чиро интизор аст

Маскав умедвор аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки шаҳрвандонашон барои кор ба Русия мераванд, онҳоро ба риояи тамоми меъёрҳои қонунгузорӣ ҳидоят хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Русия бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои роҳандозии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ кор мекунад.
Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷаи Русия Михаил Галузин иттилоъ дод.
"Мо, аз ҷумла, бо Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, фаъолона кор карда истодаем, ки ҷалби муҳоҷирони корӣ барои кор дар Русия хусусияти системавӣ ва муташаккил дошта бошад, на бесарусомонӣ", - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин изҳор дошт, Маскав умедвор аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки шаҳрвандонашон барои кор ба Русия мераванд, онҳоро ба риояи тамоми меъёрҳои қонунгузории кишвар ҳидоят хоҳанд кард.
Нигаронии Тоҷикистон аз роҳ наёфтани шаҳрвандонаш ба Русия
"Бар инем, ки дӯстони мо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳукуматҳои минтақа, ки шаҳрвандони онҳо барои кор ба Русия бо теъдоди зиёд меоянд, муҳоҷирони меҳнатиро ба риояи бечунучарои тамоми меъёрҳои қонунгузории кишвар, эҳтироми бечунучарои анъанаҳо равона месозад", - гуфт ӯ.
Ҳамасола аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон садҳо ҳазор муҳоҷир барои кор ба Русия меоянду хонаводаҳояшонро дар ватан таъмин месозанд.