Ҳашари тозасозии оромгоҳҳои масеҳиён дар Душанбе баргузор шуд

Тозакунии оромгоҳҳо бо иштироки хизматчиёни ҳарбии 201-уми Русия, дипломатҳо, курсантҳои Академияи ВКД Тоҷикистон ва собиқадорон анҷом ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон дар қабристони масеҳиён рӯзи шанбегӣ баргузор шуд, ки дар он хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи 201-ум, дипломатҳо, курсантҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, собиқадорони интернатсионалист ва мактаббачагон иштирок доштанд.
Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод. Чорабинӣ бахшида ба 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуда, дар он беш аз 500 нафар ширкат доштанд. Иштирокдорон зиёда аз ҳазор оромгоҳҳоро тоза карданд.
Баробари намояндагони бахшҳои гуногун дар чорабинӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев иштирок дошт.
Ҳазорҳо нафар дар Тоҷикистон "Диктанти Ғалаба" навиштанд
Тавре сафири Русия дар Душанбе гуфт, то солҳои 90-ум дар Хиёбони шуҳрат пояе мавҷуд буд, ки дар он номи афроди дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қурбонишуда нақш баста мешуд, вале дар солҳои муқовимати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хароб шудааст.
"Сафорат тасмим гирифт, ки ёдгориро барқарор кунад, стела намуди боҳашамат дошта, маҷмааи "Хиёбони шӯҳрат"-ро ташаккул медиҳад", - гуфт Григорев.
Ба гуфтаи Григорев, Хиёбони шуҳрат моҳи январи соли 2025 кушода мешавад.
Инчунин дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор нафар дар навиштани "Диктанти Ғалаба" иштирок доштанд.
Диктанти байналмилалии таърихӣ дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар 17 мавзеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Исфара, Бохтар, Кӯлоб ва Панҷакент баргузор шуд.