ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ҳазор рубли Русия дар бозори ғайринақдии Тоҷикистон 0,5 сомонӣ боло рафта, феълан бо нархи 118,8 сомонӣ муомилот мешавад. Ин нишондод рӯзе қабл ба 118,3 сомонӣ баробар буд.
Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзудаст, ки нархи доллару евро низ дар ҷумҳурӣ боло рафтааст.
Ба иттилои ин ниҳод, феълан доллари ИМА - 10.9362 сомонӣ ва 1 евро – 11. 7324 сомонӣ нарх доранд.
Дар бозори нақд доллари ИМА аз 10.9362 то 10.95, евро аз 11.7324 то 11.8 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ аз 118,8 то 119,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.