ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Тоҷикистон ва Узбекистон на танҳо ҳамсоя, балки халқҳои бародаранд.
Публитсист ва соҳибкор Олим Ширинов сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанберо чунин арзёбӣ кард.
"Дар Тоҷикистон узбекҳо зиёданд ва дар Узбекистон ҳам тоҷикони зиёд ба сар мебаранд. Мо дар замони президентии Ислом Каримов муносибатҳои душворро аз сар гузаронидаем", - мегӯяд коршинос.
Ба андешаи ӯ, бо омадани Шавкат Мирзиёев ба қудрат ҳама чиз ба таври куллӣ тағйир ёфт.
Ширинов ёдовар шуд, ки ахиран раисиҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон сафар карда, дар ҷараёни он 28 созишнома ба имзо расида буд. Аз ҷумла ҳуҷҷати таърихӣ — Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ.
"Дар ин робита, ман метавонам аз ин гуна созишнома истиқбол кунам, ҳама чиз ба ҳамгироӣ вобаста аст", - хулоса кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 18-19 апрел бо як сафари давлатӣ дар Душанбе буд.