Ифтитоҳи маркази кишоварзии Тоҷикстону Узбекистон дар Суғд: хидматрасонӣ ройгон

Ҳамакнун деҳқонони вилоят имкон доранд ҳар вақт ба ин марказ, барои пешбурди фаъолияти худ ройгон аз машваратҳои мутахассисони соҳа бархурдор шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Тоҷикистону Узбекистон Маркази муштараки хизматрасонии кишоварзӣ роҳандозӣ карданд.
Он дар вилояти Суғд боз шуда, мавриди амал қарор гирифт.
Дар ин марказ олимону коршиносони тоҷику ӯзбек роҳҳои самаранок истифода бурдани заминҳои кишти гуногуни зироат ба деҳқонони навоҳии Суғдро меомӯзонанд.
Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки маркази мазкур бо баргузор намудани ҳамоиши омӯзишӣ бо ширкати олимону кишоварзони Тоҷикистону Ӯзбекистон дари худро боз намуд.
“Олимону селексионерони узбек ба Хуҷанд ташриф оварда ба деҳқонони суғдӣ роҳҳои баланд бардоштани ҳосили зироатпарварӣ аз ҷумла пахтакорӣ ва инчунин боғу токпарварӣ, маҳсулотҳои полезӣ ва шоликориро мавриди омӯзиш қарор доданд” – гуфт, Маҳмудзода
Ин масъули идораи кишоварзӣ мегӯяд, деҳқонони навоҳии Суғд имкон доранд ҳар вақт ба ин марказ омада, барои пешбурди фаъолияти худ ройгон аз машварат ва тавсияҳои мутахассисони соҳа бархурдор шаванд.
Тоҷикистон бо ҷалби ширкати хориҷӣ мехоҳад бахши кишоварзиро рақамӣ кунанд
Маркази муштараки хизматрасонии кишоварзии Тоҷикистону Узбекистон минбаъд ҷиҳати дастгирӣ ва рушду тақвият додани фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар вилояти Суғд, дастраскунии техникаҳои кишоварзӣ ва нуриҳои минералию биологиро роҳандозӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки масъалаи бознамоии чунин як марказ ахиран дар мулоқоти раисони ҷумҳуриҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуда буд.